Зиёни сел ба шаш шаҳру ноҳияи Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, то 11 апрели соли 2025 дар натиҷаи боришоти шадид хатари селҳо, тармаҳо ва сангпораҳо боқӣ мемонад. Кумита ба аҳолӣ тавсия дод, ки обанборҳо ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд, то селобаҳо ҷамъ нашаванд.
Ба иттилои КҲФ, дар давоми як шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди панҷ ноҳияи кишвар фаромадани сел ба қайд гирифта шудааст.
Душанбе
Санаи 10 апрел баъди соати 00:00 дар таҳхонаҳои се сокини ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе пур аз об шуданд. Наҷотдиҳандагони кумита обро берун кашиданд ва оқибатҳои офатро бартараф карданд.

Ҳисор
Санаи 10 апрели тақрибан соати 4-и субҳ дар натиҷаи боришоти зиёд дар ҳудуди деҳаи Шуроби шаҳри Ҳисор обхезӣ рух дод, ки дар натиҷа ду қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об монданд. Корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳо оғоз ёфт.
Рӯдакӣ
10 апрели соли 2025 тақрибан соати 4-и субҳ дар ҳудуди деҳаи Дара боришот сабаби ҷамъшавии регу гил шуд, ки дар натиҷа қисман қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об монданд. Ба иттилои КҲФ айни замон барои ташкили корҳои барқарорсозӣ чораҳо андешида шуда, корҳо оғоз гардидаанд. Зарар низ муайян карда мешавад.
Сангвор
9 апрели соли 2025 тақрибан соати 10 -и субҳ дар ҳудуди деҳаи Тавилдара аз сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Гурбок обхезӣ рух дод. Дар натиҷа, об қитъаи наздиҳавлигии сокини маҳаллиро зери об гузошт. Сокинон аз ҷониби шуъбаи кумита дар ноҳияи Сангвор ба ҷойи бехатартар интиқол дода шуданд.
Айни ҳол кормандони КҲФ дарёро назорат мекунанд ва корҳо оид ба мустаҳкам кардани соҳили дарёи мазкур оғоз ёфтаанд.

Рӯшон
9 апрели соати 06: 50 дар километри 478-уми Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Вознавд мегузарад ва дар километрҳои 535 ва 576-уми ин роҳ ҷамъшавии селобаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои КҲФ барои тоза кардани қитъаҳои ин роҳ се адад техникаи вазнини муҳандисӣ истифода шудааст. Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда, қитъаҳо тоза карда шуданд, ҳаракат барқарор карда шуд. Дар айни замон корҳо оид ба тозакунӣ идома доранд.
Инчунин борон сабаби ҷамъшавии селҳо дар қаламрави деҳаҳои Дерушон ва Барушони ноҳияи Рушон шуд. Дар натиҷа, массаи санги хокистарӣ сабаби зери об мондани таҳхонаҳои 6 хонаи истиқоматӣ дар қаламрави ин деҳаҳо гардид.
Ба иттилои КҲФ инчунин, дар километрҳои 50, 51, 52, 53, 54 ва 55 роҳи автомобилгарди ҷумҳуриявии Рушон – Бартанг, ки аз деҳаи Разуҷ то деҳаи Шобекобод мегузарад, ҷамъомади сенздаҳ адад сел сабт шудааст. Дар айни замон роҳи автомобилгард баста аст, корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офат идома доранд.
Ишкошим
9 апрели соли 2025 тақрибан соати 10 субҳ дар километрҳои 52 ва 57 роҳи автомобилгарди ҷумҳуриявӣ, ки аз деҳаи Колук ва деҳаи Вогзи ҷамоати Деҳоти Козидех мегузарад, селҳо фаромада, дар натиҷа роҳ баста шуд.
Барои гузаронидани корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҷамъшавии селҳо техникаи махсус истифода шуд ва соати 12-и рӯз роҳ тоза шуда, ҳаракат барқарор карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ