Ғазза: Садои дубораи дарсҳо шунида шуд

     

Дар шаҳри Ғазза, садои омӯзиши кӯдакон боз шунида мешавад. Роҳҳое, ки ҳоло ҳамчун синфхона истифода мешаванд, пурғавғо ва андаке бесарусомонанд, аммо саршор аз ҳаёт мебошанд. Бархе аз омӯзгорон дар тахтаи синф калимаҳои ангилисиро навишта ва бархе дигар омӯзгорон аз хоандагон хоҳиш мекунанд ба тахтаи синф баромада калимаҳои арабиро нависанд.

Ин ҳеҷ гоҳ як рӯзи одии мактабӣ нест, аммо пас аз оташбаси Исроил ва Ҳамос дар моҳи октябр, ин як оғози нав аст.

Пас аз ду соли ҷанг, садои зам-замаи дарсҳо ва суҳбати ҳамсинфон дар миёни вайронаҳо танин меандозад. Ин ҳамон ҷоест, ки замоне мактаби Лулуа Абдулваҳҳоб ал-Қатамӣ дар маҳаллаи Тал-ал-Ҳаво дар ҷанубу ғарби шаҳри Ғазза қарор дошт.

Ин мактаб дар моҳи январи соли 2024 ҳадафи ҳамлаи нерӯҳо Исроил қарор гирифт ва моҳҳо пас аз он, ҳавлии он ба паноҳгоҳе барои оилаҳои овора табдил ёфта буд. Имрӯз ин макон бори дигар ҷои омӯзиш шудааст, ҳарчанд ба шакли бисёр ибтидоӣ.

Хонандагон бо як шодӣ ба саф рост шуда, дастҳои худро ба китфҳои якдигар гузошта ба сӯи синфхонаҳои муваққатии худ раҳсипор мешавад.

Пас аз оғози набарди Исроил дар Ғазза ба иттилои СММ 66 288 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо 18 430 кӯдак ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *