Қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 20 нафар расид
Теъдоди фавтидагон бар асари заминларзаи шаби 3 ноябр дар шимоли Афғонистон ба 20 нафар расида, захмиён аз 200 нафар гузаштанд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, таконҳои зеризаминӣ 3 ноябр, соати 01:29 бо вақти Душанбе рух додаанд. Маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон буда, 236 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, 80 км аз Шаҳритус ва 322 км аз Панҷакент ҷойгир аст.
Қувваи заминларза чунин буд:
-дар маркази он — 6–7 балл,
-дар Душанбе — 4 балл,
-дар Панҷакент — 3 балл.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин, заминҷунбӣ дар ҷануби Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон эҳсос шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ