Ҳамлаи навраси 15 сола ба мактабе дар Одинсоваи вилояти Москва

Дар пайи ҳамлаи як ноболиғ, ки гуфта мешавад хонандаи синфи 9- и мактабе дар ноҳияи  Одинсови вилояти Маскав мебошад,  хонандаи синфи 4 мактаби номбурда кушта шудааст. Ба эҳтимол хонандаи кушта шуда тоҷик аст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, ин ҳодиса дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсов рух дода, ҳамлагар як навраси 15-солаи рус мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин наврас ба муҳофиз ва як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳати бардоштааш ҷон бохтааст.

  “Осторожно, новости” дар шабакаи телеграмии худ  гуфтааст, ки хонандаи кушташуда аз оилаи тоҷикон аст. Ҳамчунин, саҳифаи “Телеграм”-и “112” иттилоъ додааст, ки номи ин хонанда Қобилҷон А. аст. Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст.

 Ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *