Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд. Дар ин хусус ба Pressa.tj аз филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ бинобар мавҷудияти хавфи тармафароӣ, инчунин бо мақсади сари вақт бартараф намудани тармаҳое, ки чанд лаҳза пеш фаромаданд, маҳдуд карда шуд.

Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намоянд. Дар навбати худ кормандони ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то монеаҳо ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Баробари рафъ гардидани монеаҳо оид ба кушода шудани роҳ иттилоъ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *