Ҳавопаймои мусофирбар дар Канада суқут кард
Дар Канада ҳавопаймои мусофирбар бо 80 нафар суқут кард. Дар натиҷа 18 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳавопаймои “Bombardier CRJ900”-и ширкати ҳавопаймоии Delta Airlines ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи байналмилалии Торонто суқут кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “BBC”, дар дохили ҳавопаймо 76 мусофир ва чор узви экипаж буданд, аксари онҳо наҷот дода шуданд. Танҳо ҳолати 3 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ