Ҳушдори мақомот ба тоҷирони бозор

Дар арафаи моҳи Рамазон назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон пурзӯр шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ду фурӯшандаи гӯшт дар ноҳияи Шоҳмансур барои худсарона боло бурдани нарх ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Мақомот мегӯянд, Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов “бо мақсади дарёфти манфиати молиявӣ” нархи гӯштро ба таври ғайриқонунӣ боло бурдаанд.

Нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳар кадом ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардидаанд.

Мақомот бори дигар ба тоҷирон ҳушдор медиҳанд, ки аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *