Қадрдонӣ барои наҷоти як сокини Душанбе
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе сокини пойтахт-Зиёвуддин Абдуллоевро барои наҷот додани ҷони инсон қадрдонӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса моҳи декабри соли гузашта дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст. Як марди 35-сола дар ҳолати ноумедӣ қасди худро аз болои бинои баландошёна ба поён партофтан дошт.
Зиёвуддин Абдуллоев бо мушоҳидаи саривақтӣ, суханони оромбахш ва рафтори далерона тавонист ӯро аз ин нияти хатарнок боздорад ва ҷони ӯро наҷот диҳад.
Гуфта мешавад, қадрдонӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ сурат гирифта, ба ӯ сипоснома ва мукофот тақдим шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ