Судяи собиқ барои гирифтани пора 4 сол зиндонӣ шуд

Самандари Қаландар, судяи собиқи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, барои гирифтани пора ба 4 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳукми ӯ аввали моҳи феврали соли 2026 содир шудааст.

Ӯ 17 декабри соли 2025 бо фармони Президенти кишвар аз вазифаи судя “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, барканор шуда буд.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди олии Тоҷикистон, 12 январи соли 2026 дар нишасти хабарӣ гуфт, Самандари Қаландар даст ба “ҷинояти коррупсионӣ” задааст.

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи март 2025 Самандари Қаландар барои таъйин ҷазои сабук аз як муҷозотшаванда 75 000 сомонӣ талаб карда, дар утоқи кориаш 50 000 сомонӣ пора гирифтааст. Қисми боқимондаи маблағ-25 000 сомонӣ моҳи октябри соли 2025 гирифта шудаст. Ӯ дар натиҷаи ин амал аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *