Қазоқистон: Медали муштзани навраси тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии бокс

Дар шаҳри Костанайи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон доир гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик Анӯшервон Ақназаров дар ин мусобиқа соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Ӯ дар ду рақобат бар муштзанони мизбон ғолиб омада, дар даври нимфинал аз муштзани ӯзбекистонӣ мағлуб шудааст.

Дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Покистон, Лаҳистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ироқ қувваозмоӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *