Ҳамлаи маргбор ба қисми ҳарбии сарҳадӣ

Имрӯз, 6 ноябр соати 3.23 дақиқаи вақти маҳаллӣ як гурӯҳи мусаллаҳи номаълум ба қисми ҳарбии сарҳадбонони “Султонобод” ҳамла кардааст, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол доштааст.

Ин қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон воқеъ аст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Қӯшинҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), як гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафараи ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи рақами 4-и “Ишқобод”, дар қисми ҳарбии сарҳадии “Султонобод”ҳамла кардааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ҳамлагарон тавонистаанд дар қисми ҳарбӣ 5 автомати тамғаи “Калашников”-ро тасарруф кунанд.

Бар асари задухӯрд миёни неруҳои қудратии Тоҷикистон ва гурӯҳи мусаллаҳ 15 ҳамлавар кушта шуда ва 5 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Дар ин даргирӣ 1 корманди ниҳоди сарҳадӣ ва 1 корманди ВКД ба ҳалокат расидаанд.

Феълан гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ дар маҳали ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

То ҳол ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ҳуввияти ин гурӯҳи мусаллаҳ маълумоте надодаанд ва шахсияти афроди кушташударо низ эълон накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *