Ҳамкории илмии Тоҷикистону Чин барои ҳифзи табиат ва коркарди партовҳо
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ лоиҳаи муштараки илмӣ бо Институти ҳифзи захираҳои хок ва оби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати захираҳои оби ин кишварро оғоз намуд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла коркарди партовҳо, пешгирии эрозияи хок ва истифодаи самараноки захираҳои хок ва об дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири фаъолияти инсон равона шудааст.
Лоиҳа бо иштироки фаъолонаи устодони кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» таҳия гардида, на танҳо гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмиро дар бар мегирад, балки муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти муосир низ дар назар дошта шудааст.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи васеи технологияҳои муосир, аз ҷумла дронҳои таълимӣ барои мушоҳида ва мониторинги дақиқи манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист ба роҳ монда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки роҳҳои нави коҳиши партовҳо ва коркарди дубораи онҳо таҳия ва дар амал татбиқ шаванд.
«Ин ҳамкории илмӣ бо яке аз муассисаҳои бонуфузи илмии Чин қадами муҳим дар самти рушди иқтидори таҳқиқотии донишгоҳ, ҷалби технологияҳои инноватсионӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад», – таъкид кард Қудрат Давлатзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ