«Броадтек» дубора ба кор медарояд. Раиси Панҷакент аз таҷдиди корхонаи маъданӣ дидан кард
Пас аз танаффуси тӯлонӣ корҳои омодагӣ ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки «Броадтек – Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» оғоз ёфтааст.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз ҷараёни таҷдиду навсозии ин корхонаи саноати кӯҳӣ боздид намуда, бо роҳбарияти он оид ба раванди омодагӣ ва дурнамои рушди навбати дуюми корхона суҳбат анҷом дод.
Зимни боздид зикр гардид, ки айни ҳол корҳои азназаргузаронии техникӣ, омодасозии таҷҳизоти мавҷуда, барқарорсозии нақлиёт, таҷдиди минтақаи истихроҷи маъдан ва ҷалби мутахассисону коргарон идома доранд. Интизор меравад, ки корхона дар моҳҳои наздик фаъолиятро дубора оғоз намояд.
Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба бунёди марҳалаи дуюми корхона, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин, кӯчонидани манзилҳои зисти сокиноне, ки дар минтақаи татбиқи лоиҳа қарор доранд, ва густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи маҳаллӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои масъулин, дар марҳалаи аввал 100 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд ва пас аз ба истифода додани марҳалаи дуюм шумораи кормандон ба 400 нафар хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи маъдантозакунии «Броадтек – Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» соли 2015 бо маблағгузории ҷониби Чин ва бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Корхона дар деҳаи Рукнобод, дар наздикии кони маъдани «Мушистон», 30 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.
Ин корхона бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи он 75 ҳазор тонна маъданро ташкил медиҳад. Қаблан гуфта мешуд, ки корхона ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулоти металлӣ, аз ҷумла хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол мекунад.
Дар асоси нақша, бояд 220 нафар бо кори доимӣ таъмин мешуданд, ки аз ин шумора 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ буданд. Аммо дар солҳои охир фаъолияти корхона бо сабабҳои номаълум бозмонда буд.
Бо оғози марҳалаи нави таҷдид, интизор меравад, ки ин иншооти муҳими саноатӣ боз ба иқтисоди маҳаллӣ саҳмгузор гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ