Афзоиши назарраси савдо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз боз шудани марзҳо

Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар нимсолаи аввали соли 2025 ба 9,4 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 миллион доллар бештар мебошад.

Тибқи маълумоти муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода, ки 28 июл зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, содироти мол аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 2,1 миллион долларро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион доллар ё 3,7 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба таъкиди Зуҳурзода, ба Қирғизистон асосан меваю сабзавоти тару тоза ва хушк, аз қабили себ, зардолу, ангур, гелос, харбуза, обҳои ташнашикан, маҳсулоти сохтмонӣ ва қувваи барқ содирот шудааст.

Ӯ зикр кард, ки рушди фаъоли содирот пас аз боз шудани марзҳо ба таври чашмрас афзоиш ёфта, заминаи мусоид барои тавсеаи равобити тиҷоратии ду кишвар фароҳам овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *