Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон ба «Ислоч» гузашт

Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев ба бошгоҳи футболи «Ислоч», ки дар чемпионати Белорус бозӣ мекунад, гузариш намуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Самиев бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ»-ро, ки аз соли 2021 дар ҳайати он бозӣ мекард, бо тими «Ислоч» иваз кард.

Бошгоҳи «Ислоч» баъди марҳилаи якуми чемпионати Белорус аз тими БАТЭ танҳо як хол кам дошта, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар Тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 14 бозӣ анҷом дода, чаҳор гол задааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.