Панҷ нафар зери куҳпора монда, ҳалок шуданд! Мехостанд барои харгӯшҳо лона созанд (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании кишвар аз зери куҳпора мондани панҷ нафар дар шаҳри Кӯлоб хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин фоҷеа дирӯз, 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Панҷ нафар хостаанд хоки теппаро канда, барои харгӯшҳо лона созанд. Баногаҳ куҳпора болои онҳо чаппа шуда, ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварда, ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол додаанд.

Танҳо яке марди болиғ будааст, ки 45 сол доштааст. Боқӣ ноболиғоне будаанд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *