Ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри Эрон. Фармондеҳони баландпоя кушта шуданд
Исроил субҳи имрӯз, 13 июн ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Натанз ва Кирмоншоҳ, ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Дар пайи ин амалиёт, чанд фармондеҳи баландпояи низомии Эрон кушта шудаанд.
Шабакаи хабарии давлатии Эрон хабар дод, ки дар ин ҳамлаҳо Ҳасан Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи «Хотам-ул-анбиё», Фаридун Аббосӣ, раиси пешини Созмони энержии атомӣ ва Муҳаммад Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод кушта шудаанд.
Хабаргузории наздик ба Сипоҳ – «Тасним» – хабари кушта шудани Саломиро тасдиқ кардааст.
Як мақоми амниятии Исроил ба расонаҳо гуфтааст, ки Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кушта шудааст.

Ба гуфтаи нахуствазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, ин амалиёт алайҳи “қалби барномаи ғанисозии ҳастаии Эрон” анҷом шуда, ҳадафаш таъсисоти ҳастаӣ дар Натанз ва донишмандони ҳастаии Эрон будааст. Вай изҳор дошт, ки амалиёт метавонад чанд рӯз идома ёбад.
Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки бар асари ҳамлаҳо ба як бинои истиқоматӣ дар Теҳрон низ чанд тан, аз ҷумла занону кӯдакон, ҷон бохтаанд. Дар шаҳри Натанз таркишҳо шунида шудаанд ва дар пойгоҳҳои Сипоҳи посдорон дар Теҳрон дуд ва оташ мушоҳида шудааст.
Ба гуфтаи расонаҳои давлатӣ, Исроил ба шаҳрҳои Ҳамадон, Кирмоншоҳ, Қасри Ширин ва Бандар Аббос низ ҳамла кардааст.
Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ дар Теҳрон парвозҳои худро қатъ кард. Ҳамзамон, Ироқ низ ҳарими ҳавоии худро баст ва фаъолияти фурудгоҳҳояшро мутаваққиф намуд. Исроил бо эълони вазъияти изтирорӣ, ҳарими ҳавоии худро низ бастааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ