Ҳамоиши байналмилалӣ дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт: ҳолат ва дурнамо» баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шуда буд.

Тавре Сино, Ғафурӣ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj иттилоъ дод, дар кори конференсия коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Ҷаласаи пленарии конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода оғоз намуда, аз ҳадафҳо ва муҳимияти роҳандозии чорабинии мазкур ҳарф зад. Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Сергеевич Иванов, намояндаи Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи молияи Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Султоналӣ Меҳмонов ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Даврон Бобоҷонов маърӯза карданд. Маърӯзаҳои илмии намояндагони муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия Татьяна Анатольевна ва Дмитрий Иванович ва намояндагони макотиби олии Ҷумҳурии Белорусия дар реҷаи онлайнӣ пешниҳод гардид»,-гуфт манбаъ.

Дар бахшҳои конференсия намояндагони муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия Гришин Я.Я., Антропов Р.В., Пеньковцев Р.В., Бянкин А.С., Василевская В.Э., Мижевич О.М., Байбардина Т.Н., Стрэжеску Л.В., Соловьев Е.Г., Воробей Л.А., Кугаева В.В., Максименко Н.В., Савицкая А.В., Бондарева Т. В. ва Ҷумҳурии Узбекистон Машарипов И.Б. ва Раҷабов У. иштирок ва баромад намуданд.

Дар доираи кори конференсияи байналмилалӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷараёни рушди иқтисодиёти рақамӣ; фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар шароити рақамикунонӣ: хусусият ва муаммоҳо; табаддулоти низоми хоҷагидорӣ дар зери таъсири ҷараёни рақамикунонии муносибатҳои иқтисодӣ; ҷабҳаҳои ҳуқуқии густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт; технологияҳои рақамӣ дар рушди инноватсионии муносибатҳои байналмилалӣ; масъалаҳои таъмини бехатарии иттилоотии робитаҳои байналмилалӣ дар доираи рушди ВАУ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ; тайғироти иҷтимоию фарҳангӣ чун натиҷаи табаддулоти рақамии иқтисодиёт; хусусияти таъминоти лингвистикии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи рақамикунонии глобалӣ; иқтисодиёти рақамӣ: ҳолат, замина ва тамоюли рушд дар кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мубодилаи афкор ва пешниҳоди олимону мутахассисон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар роҳи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ, тақвият бахшидани саводнокии рақамӣ бо мақсади рушд додани қобилияти эҷодӣ дар муассисаҳои таълимӣ, нoил гардидан ба ҳадафҳoи cтратегии мамлакат, хуcуcан раcидан ба ҳадафи cтратегии cанoатикунoнии мамлакат ва беҳтар намудани cифати зиндагии мардум дар заминаи иcтифoдаи технoлoгияи рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *