Ҳасанзода аз пешниҳоди оморҳои нодуруст гуфт. Кӣ ба ин амал даст задааст? (аудио)

Ҳасанзода Гулнора — директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавҷуд будани ашхоси изофанавису нодуруст пешниҳодкунандагони омор изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки “ҳолатҳои нодуруст ва изофа навиштан, ҳамзамон, сари вақт насупоридани омор ба назар мерасад ва нисбати онҳо чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ карда мешавад”.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 492 нафар кормандони мақомоти гуногун бо даст доштан ба чунин корҳо ошкор гардидаанд, ки нисбати онҳо ҷарима дар ҳаҷми 227 ҳазор сомонӣ баста шуда, аз ин миқдор 200 ҳазораш ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, дар нишаст қайд гардид, ки бекорӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтаву ба 2,2 % расида, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2% зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *