Ҳисор: Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 362 млн.сомонӣ
Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 362,3 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 18,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки айни ҳол шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 120 адад расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар рушди иқтисодиёт ва густариши соҳибкорӣ нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо зиёда аз 5,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021–2026» 2071 лоиҳа бо маблағи умумии 1 миллиарду 970 миллиону 417 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи таҳлилҳо, то имрӯз 1118 банд пурра иҷро гардида, 366 банд мавриди татбиқ қарор дорад ва иҷрои 587 банд барои соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъи умумии маблағи ҷалбгардида 1 миллиарду 344 миллиону 215 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 68,3 фоизи ҳаҷми умумии барнома баробар мебошад.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ҳисор сохтмони 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То 1 январи соли 2026 дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва сокинон 1383 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, 76,5 фоизи нақша таъмин гардид. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ