75 дастовард дар як сол
Ҳоло шумораи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Данғара 8701 нафар буда, аз ин 4619 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 4082 нафар дар шуъбаҳои фосилавӣ ва ғоибона таҳсил менамоянд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод. Зимнан, ӯ бо ифтихор аз 75 дастоварди муҳими донишгоҳ дар соли 2025 ёдовар шуда, муҳимтарини онҳоро номбар намуд.
Гузоштани санги асос барои бунёди хонаҳои истиқоматии омӯзгорон бо иштироки Пешвои миллат, пирӯзиҳои донишҷӯён ва омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, болоравии маоши кормандон, ворид гардидани донишгоҳ ба низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо, дастовардҳои назарраси илмӣ, нашри китобҳо ва монографияҳо, ҳимояи рисолаҳо, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ бо маблағгузории назаррас ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои Чин ва Қатар аз ҷумлаи дастовардҳои соли сипаришуда номида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ