Оғози лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон насби дурбинҳои назоратии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” шуруъ шудааст.

Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки насби дурбинҳо тадриҷан сурат гирифта, анҷоми он то як сол идома хоҳад ёфт.

Ӯ таъкид кард, ки мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва фарсуда шудани чароғакҳои роҳ дар шаҳр вуҷуд дорад. Барои ҳалли ин масъалаҳо, чароғакҳои муосир бо кӯмаки соҳибкорон ворид шуда, дар ҷойҳои лозим насб мешаванд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи “Шаҳри бехатар” барои беҳтар намудани амнияти роҳҳо, назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васли таҷҳизоти видеоӣ барои кормандони милитсия ва тадбирҳои дигари бехатарӣ пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *