Ҳушдор! 5 рӯз барфу борон ва хатари тарма дар Тоҷикистон

Аентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши барфу борон ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 10 то 14-уми феврали соли равон ҳушдор додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ, доманакӯҳӣ ва ағбаҳо бориши пуршиддати барфу борон пешгӯйӣ мешавад. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ метавонад мушкил шуда, дурии биниш коҳиш ёбад.

Ҳамчунин, дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74), маҳалҳои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Мақомот бо дарназардошти бад шудани вазъи ҳаво аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд ва чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *