Ёвон: Таъмини об барои аҳолӣ беҳтар мешавад

Сокинони ҷамоати шаҳраки Ёвон пурра бо оби нушокӣ таъмин карда мешаванд. Барои амаль шудани  ин лоиҳа 4 миллиону 800 ҳазор доллар ҷудо карда мешавад.

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти хабарӣ афзуд, ки ба хотири беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Ёвон амалисозии лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ идома дорад.

Ӯ гуфт, ки барои амалӣ шудани  ин лоиҳа соли 2025 миёни Вазорати молияи  Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишнома ба имзо расид.

“Созишномаи мавриди назар 4 миллиону 800 ҳазор доллар арзиш дорад”, – таъкид кард вай.

Дар идома гуфт:

“Аз ин 2 миллиону 400 ҳазор доллар грант ва боқимонда аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ баргардонида мешавад”.

Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон беш аз 48 ҳазор аҳолӣ дорад. Бо сабаби фарсуда будани хати оби нушокӣ он пурра навсозӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *