Ҳушдори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани сел ва фаромадани тарма
16 ва 18 –уми декабр дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва омадани сел пешгӯи мешавад, дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи мақомот, “рӯзҳои 16 то 18 декабри соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, ҳамзамон дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Ағбаи Чормағзаки Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел дар назар буда, дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ