Ҳушдори Том Флетчер аз паёмадҳои ҳамла ба Эрон

Том Флетчер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангсози кумакҳои изтирорӣ, оид ба паёмадҳои инсонӣ ва иқтисодии эҳтимолии ҳамла ба Эрон изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин бора хабаргузории “IRNA” хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар шароите, ки ғайринизомиён аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хонаҳо, бемористонҳо ва мактабҳо дар саросари минтақа осеб мебинанд, идомаи хушунат имкони посухгӯии муассири ниҳодҳои башардӯстонаро маҳдуд месозад.

Флетчер таъкид намуд, ки паёмадҳои ташдиди хушунат дар Ховари Миёна рӯ ба афзоиш ва нигаронкунанда буда, пеш аз ҳама аҳолии осоишта бори онро бар дӯш мекашанд.  Ӯ гуфт, ғайринизомиён бояд пурра ҳимоят шаванд ва ҳамла ба зерсохторҳои мулкӣ қобили қабул нест.

 «Агар масирҳои энержӣ ё роҳҳои дарёӣ, монанди тангаи Ҳурмуз мухтал шаванд, қимати маводи ғизоӣ афзоиш хоҳад ёфт, низомҳои беҳдоштӣ таҳти фишор қарор хоҳанд гирифт ва таъмини колоҳои асосӣ дар кишварҳое, ки ба воридот вобастаанд, бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд»,-ҳушдор дод Том Флетчер.

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кардааст, ки аз ташдиди вазъ худдорӣ намуда, ҳифзи аҳолии осоиштаро дар авлавият қарор диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *