Ҳамлаи мушакӣ ба биноҳои Маҷлиси хибрагон дар Қум ва Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Теҳрон

Расонаҳои Эрон аз ҳамлаи мушакии Амрико ва Исроил ба дабирхонаи Маҷлиси хибрагон дар шаҳри Қум ва дабирхонаи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Теҳрон хабар доданд.

Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, наворҳое мунташир шудааст, ки осеб дидани қисматҳое аз биноҳои ин ду ниҳодро нишон медиҳад.

Хабаргузории «Меҳр» навиштааст, ки бинои Маҷлиси хибрагон дар Қум бинои қадимӣ буда, дар он ҷаласаҳои расмӣ баргузор намешуданд. Ҳамзамон, хабаргузории Садову симои Эрон таъкид кардааст, ки бар асари ин ҳамла касе осеб надидааст.

Маҷлиси хибрагон ниҳодест, ки масъулияти интихоб, назорат ва дар ҳолатҳои муайян барканории раҳбари Эронро бар уҳда дорад. Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бошад, яке аз ниҳодҳои аслии кишвар маҳсуб шуда, вазифаи асосии он ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *