Ҷаримаи 185 ронандаи нақлиёти боркаш дар Хатлон

Дар шаш моҳи соли 2022-юм дар вилояти Хатлон 185 ронандаи нақлиёти боркаш барои риоя накардани меъёри муайяни вазн ҷарима шудаанд. Мутаассифона, нисбати ҳамин давраи соли 2021 қоидаҳои аз роҳи автомобилгард гузаштани нақлиёт бо меъёр ва вазн 95 ҳолат зиёд афзоиш ёфтааст.

Исроил Шафизода, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гуфт: “Дар ҳақиқат ҳаст ҳолатҳое, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз меъёр зиёд бор мегиранд. Вале нисбати ин ҳолатҳо мо дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо чораҷӯӣ мекунем. Барои аниқ кардани вазни нақлиёти боркаш мо дар канори роҳҳои мошингард тарозу барои боркашӣ дорем. Агар бор аз 40 тонна зиёд бошад, бо сабту санади якҷояи мақомот ба дигар нақлиёт мегузаронем”.

Мувофиқи як қарори вижаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 ронандаҳои нақлиёти боркаш вазифадоранд, ки қоидаҳои аз роҳи автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо меъёр ва вазнро риоя кунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.