Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон
Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта, бемори 22-соларо баъди 24 соат ба хона баргардониданд. Қаблан чунин ҷарроҳӣ бо буриш анҷом мешуд ва шифоёбӣ муддати тӯлонӣ мегирифт.
Усули нави эндоскопӣ имкон медиҳад, ки саломатии беморон зуд барқарор шуда, онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ