Ҷавонони Тоҷикистон омодагиро ба чемпионат оғоз карданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад.

Сармураббии дастаи ҷавонон Аҳлиддин Турдиев ба ин ҷамъомад 24 бозигар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба далели он, ки чемпионати CAFA-2022 дар рўзҳои FIFA баргузор намешавад, легионерҳо дар ин мусобиқа наметавонанд дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ кунанд. Бо мувофиқа бо бошгоҳҳо бозигарони дар хориҷа буда ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои расмӣ — марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14 то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъват мешаванд.

Дар чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6-уми август), Қирғизистон (8-уми август), Ўзбекистон (10-уми август) ва Эрон (12-уми август) бозӣ мекунад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Суҳробхўҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рўзимуҳаммад Абдураҳмонов, Содиқ Қурбонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Абдулло Шарипов (КМВА), Азизбек Ҳайитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аббос Андалибов, Амирҷони Фаррухзод (ҳарду аз «Равшан»-и Кўлоб), Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Азизбек Далиев, Меҳроб Асоев (ҳама аз «Динамо»), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ўзбекистон), Салам Ашурмамадов (бидуни даста);

Ҳамлагарон: Сунатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷўрабекзода (КМВА), Далер Шарипов («Металлург», Ўзбекистон);

Сармураббӣ: Аҳлиддин Турдиев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *