Ҷазои ду мансабдор барои “ҳоҷиошӣ”

Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакентро барои гузаронидани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд.

Дар ин бора Парвиз Амонзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Панҷакент хабар додааст.

 “… Раиси ҷамоати деҳоти Косатарош, сокини деҳаи Чорбоғ Шамсиев А. маъракаи ҳоҷиоширо бар хилофи муқаррароти Қонун доир намудааст. Нисбат ба Шамсиев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 57 600 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ӯ аз иҷрои вазифаи хизмати давлатӣ низ сабукдӯш гардид”,- навиштааст Парвиз Амонзода.

Ба навиштаи ӯ, ҳамчунин як мансабдори дигари шаҳр барои баргузор кардани маъракаи “ҳоҷиошӣ” қариб 40 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент Муродилозода Ҳ. аст, ки “маъракаи ҳоҷиоширо бо теъдоди зиёди одамон баргузор намудааст”.

Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти  Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ шаҳрвандон 21 ҳазору 600 сомонӣ ва мансабдорон 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *