Ӯзбекистон бо сабаби паҳншавии “омикрон” парвозҳоро ба 10 кишвар манъ мекунад

— Ӯзбекистон ба чунин қарор омадааст, ки як қатор парвозҳои байналмилалиро манъ намояд. Парвозҳо муваққатан ба як қатор кишварҳои дучори вазъияти душвори эпидемиологӣ манъ карда мешаванд,- иттилоъ медиҳад хабаргузории Nuz.uz.

— Чунин қарор дар маҷлиси Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ дар робита ба паҳншавии навъи нави коронавирус — “омикрон” бароварда шудааст,- шарҳ медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Гуногунтабиатии хатарноки COVID-19 аллакай дар Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Изроил, Италия, Нидерландия, Чехия, Австралия, Миср ва давлатҳои Африқои Ҷанубӣ мушоҳида шудааст. Маҳдудиятҳои иловагии карантинӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла ИМА, Австрия, Олмон, Словакия, Федератсияи Русия ва Қазоқистон ҷорӣ карда мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, барои он, ки аз роҳ ёфтани “омикрон” ба Ӯзбекистон пешгирӣ карда шавад, қарор шудааст, то аз 3-юми декабри соли 2021 то 10-уми январи соли 2022 парвозҳои байналмилалӣ ба ҶҶА, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик, Лесото, Эсватини, Танзания ва Гонконг қатъ гарданд. Шаҳрвандони кишварҳои номбаршуда ва шахсони бешаҳрвандие, ки дар ин давлатҳо доимӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар ин давлатҳо давоми 14 рӯзи охир ҳузур доранд, ба ҳудуди Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.