Қадршиносии омӯзгорону хонандагон дар Суғд

Дар машварати августии соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода як гурӯҳ омӯзгорон, хонандагон ва собиқадорони соҳа барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд.

Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 37 нафар омӯзгор, ки дар омода кардани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, 21 нафар хонанда, ки дар соли таҳсили 2024–2025 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ба ғайр аз ин, 5 нафар иштирокчии хурди озмуни вилоятии «Ахтарони дониш» низ бо туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд.

Дар идомаи ҷамъомад, Раиси вилояти Суғд ва вазири маориф ва илм ба 40 нафар собиқадорони соҳаи маориф мукофотҳои пулӣ тақдим карданд. Ин иқдом ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба заҳмати садоқатмандонаи омӯзгорон ва саҳми онҳо дар рушду такомули таълиму тарбия арзёбӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *