Қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» ба Душанбе меояд
Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-аз 20 то 25 марти соли равон қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» (Роҳи Абрешим) ба Душанбе меояд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, қатора шаҳрҳои Алмато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошкандро дар хатсайри ягона мепайвандад ва баъд ба Алмато бармегардад. Барномаи сафар ба сайёҳон имкони шиносоӣ бо фарҳанг, анъана ва мероси мусиқии халқҳои Осиёи Марказиро фароҳам меорад.
Қарор дар бораи ташкили қатораҳои сайёҳӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон охири соли 2024 қабул шуда буд. Соли 2026 бошад, нахустин бор хатсайр то Душанбе-пойтахти Тоҷикистон васеъ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ