Қурбоналӣ Раҳмон дар “Якум Советский” бистарӣ шуд

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар шифохонаи «Якум Советский» бистарӣ шуд.

Тавре расонаҳо иттилоъ додаанд, моҳи майи соли 2018 ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузашта буданд.

Он замон расонаҳо хабар доданд, ки ҳангоми ҷонсупории модар аз шиддати дард қалби духтараш аз кор мондааст.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).

Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли «Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.
Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли «Дарё» ба кор даромад.
Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси «Сомониён» таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.
Дуо кунем,ки ӯ зудтар шифо ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *