Ҳабси якумрии президент
Президенти собиқи Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёли 65-соларо ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Суди Сеул рӯзи 19-уми феврал ӯро ба ташкили ошӯб ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ гунаҳкор донист.
Соли 2024 пас аз ихтилофҳои тӯлонии президент бо мухолифон дар парлумон, Юн Сок Ёл вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт, ки дар ин муддат барпо кардани эътирозу раҳпаймоиҳо манъ аст. Қарор боис ба эътирозҳои сартосарӣ шуд ва баъди шаш соат президент маҷбур шуд қарорро бекор кунад. Ёл моҳи майи соли 2022 раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ интихоб шуда, дар баҳори соли 2025 аз мақомаш барканор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ