Ҳамлаи Эрон ба Сафорати Амрико дар Арабистони Саудӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз мавриди ҳамлаи ду паҳпод қарор гирифт.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ ҳамларо тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки дар натиҷа «сӯхтори маҳдуд ва зарари ками моддӣ» ба қайд гирифта шудааст.

Fox News хабар додааст, ки ҳангоми ҳамла дар бино касе набуд, аз ин рӯ талафоти ҷонӣ ва захмиён нестанд.

Доналд Трамп ваъда додааст, ки ба ҳамла ба сафорати ИМА дар Риёз посух хоҳад дод.

«Ба зудӣ хоҳед фаҳмид, ки посухи ҳамла ба сафорати ИМА дар Риёз ва ба ҳалокати низомиёни амрикоӣ чӣ гуна хоҳад буд», – изҳор доштааст Трамп.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *