Ҳарорат поин мешаваду нархи ангишт боло меравад

Рақами мазкур назар ба ҳамин давраи соли гузашта (1565, 1) ҳудуди 25 ҳазор тон кам гуфта мешавад

Вақтҳои охир  арзиши ангишт дар шаҳру навоҳии  кишвар то 20-25 дарсад боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, гарон шудани нархи маводи сӯхт дар баробари дигар маводи ниёзи рӯзгор ба ҷайби онҳо таъсир мерасонад.

Шокир, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки нархи ангишт то 20 % боло рафта, ба 1, 7 сомонӣ баробар шудааст.

“Барои омодагӣ ба фасли зимистон 200 кило ангиштро ба маблағи 340 сомонӣ харидорӣ кардем. Чизе, ки ду ҳафта пеш 1, 4 сомонӣ қимат дошт. Фурӯшандаҳо мегуянд, ки ба онҳо ҳам бо нархи баланд дастрас карда мешавад”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз шуъбаи саноати ҳукумати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳудуди вилоят шаш корхонаи истихроҷи ангишт фаъол буда, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ин коргоҳҳо ба андозаи 1 миллиону 540 ҳазор тон ангишт истеҳсол кардаанд. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта  (1565, 1) ҳудуди 25 ҳазор тон кам гуфта мешавад.

 “Дар ин давра ҶСК “Ангишти шаҳри Исфара” 61 ҳазору 465 тон,  шахтаи “Фон Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ 749 ҳазор тон, ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” дар ноҳияи Айнӣ 354 ҳазору 293 тон, ҶДММ “Талко Ресурс” 365 ҳазору 251 ҳазор тон, ҶДММ “Диёри ангишти Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент 170 тон ва  ҶДММ “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони  Масчоҳ  9 ҳазору 590 тон ангишт истихроҷ кардаанд”,-иттилоъ доданд аз шуъбаи саноат.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *