Ҳусейн Ализода “Беҳтарин муаллими соли 2025” дар Душанбе эълон шуд

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Муаллими сол-2025” баргузор гашт.

Дар озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Зарина Азизова, муаллимаи синфҳои ибтидоии гимназии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Муродалӣ Сайёдзода, омӯзгори фанни математикаи мактаби махсуси назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Гулчеҳра Ғиёсова, муаллимаи забони русии гимназии №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҳусейн Баҳром Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайём ширкат варзида, барои сазовор гаштан ба номи баланд ва пурифтихори “Беҳтарин муаллими сол” рақобат намуданд.

Дар озмун Ҳусейн Баҳром Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои пойтахт ғолиб омада, “Беҳтарин муаллими сол” эълон карда шуд. Ғолиби озмун бо грамота ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *