Ҳушдори навбатии КҲФ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро аз вазъи номусоиди обу ҳаво дар рӯзҳои 18 то 20-уми апрел ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти шадид, пастшавии ҳарорати ҳаво то 10–15 дараҷа ва шамоли сахт бо суръати 17–22 м/с дар назар аст.
Рӯзи 17-уми апрел дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази кишвар тӯфони гарду ғубор пешбинӣ мешавад. Инчунин, рӯзҳои 18–19-уми апрел эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ, Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок ва Зарафшон зиёд аст.
Эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ низ вуҷуд дорад.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, шикор, моҳидорӣ, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳо худдорӣ кунанд. Волидон низ бояд кӯдаконашонро таҳти назорати доимӣ нигоҳ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ