Ҷамъомади йога ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, Рӯзи байналмилалии йога, намояндагони расмии 135 кишвари ҷаҳон дар як дарси дастаҷамъонаи йога дар майдончаи боғи назди қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ширкат карданд.

— Ин ҳодиса ҳамчун рекорд эътироф шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин созмон.

Дар ҷаласаи йога, ки рӯзи 21-уми июн дар СММ баргузор шуд, ҳамчунин сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, муовини аввали дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, раиси Ассамблеяи генералӣ Чаба Керешӣ ва шаҳрдори Ню-Йорк Эрик Адамс ширкат доштанд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёме бахшида ба ин рӯз таъкид кард, ки йога муттаҳид мекунад: “Он ҷисм ва ақлро ба ҳам меорад; инсоният, табиат ва миллионҳо одамони сайёра, ки йога барои онҳо манбаи қувва, созгорӣ ва сулҳ аст».

Ба гуфтаи раҳбари Созмони Милал, ин таҷрибаи бостонӣ дар ҷаҳони имрӯза, ки хатарноку пароканда аст, нақши махсусан арзишманд дорад.

«Йога ба шумо имкон медиҳад, ки сулҳ пайдо кунед»,- гуфт Антонио Гутерриш. «Он метавонад барои идора кардани изтироб ва беҳтар кардани солимии равонӣ кумак кунад. Он ба мо кумак мекунад, ки интизомро инкишоф диҳем ва сабрро нигоҳ дорем. Он моро бо сайёраи мо мепайвандад, ки ба муҳофизати мо хеле ниёз дорад. Он ба мо имкон медиҳад, ки инсониятро ошкор созем ва бифаҳмем, ки сарфи назар аз ихтилофҳоямон мо як ҳастем»,- афзуд ӯ.

«Йога» дар санскрит маънои «пайванд»-ро дорад ва рамзи пайванди бадан ва шуур аст. Дарсҳои йога ба саломатии ҷисм ва руҳ мусоидат мекунанд. Солҳои охир ин амали бостонии ҳиндӣ хеле маъмул гаштааст, зеро он дар ғавғою ташвишоти ҳаёти муосир ба инсон кумак мекунад, ки мувозинати ҷисму руҳро пайдо кунад.

Ҳоло намудҳои зиёди йога вуҷуд доранд — ба ғайр аз даҳҳо шохаҳои классикӣ, вариантҳои зиёде илова карда шудаанд. Студияҳои йога меҳмононро қариб дар ҳама шаҳрҳои бузурги ҷаҳон қабул мекунанд.

Йога аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия дода мешавад. ТУТ ҳатто онро ба рӯйхати чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани саломатӣ дар Нақшаи глобалии амал оид ба баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ то соли 2030 дохил кардааст. 1-уми декабри соли 2016 ЮНЕСКО бо зикри таъсири назаррас ба паҳлуҳои сершумори ҳаёти ҷомеаи Ҳиндустон дар соҳаи тандурустӣ, тиб, маориф ва санъат йогаро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *