Ҷасади Ёсамин пас аз 8 рӯз пайдо шуд

Ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаи дусола, ки бо ду хоҳару як бародараш аз ҷониби модар ба дарёи Сурхоби ноҳияи Фархор партофта шуда буд, пас аз 8 рӯз аз дарёи Панҷ пайдо шуд.

Яке аз хоҳарони дигар то ҳол пайдо нашудааст.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб хабар дод, ки ҷасади Ёсамин пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ аз ҷониби сокинони Афғонистон дар дарёи Панҷ пайдо шуд.

Ба иттилои манбаъ, модари кӯдакон Мадина Ҳалимова зинда аз об берун баромада, ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Дар асоси маълумоти дар расонаҳо нашршуда, сабаби ин фоҷеа дар ибтидо баҳси дузанагии шавҳари Мадина буд. Аммо шавҳар ва падари Мадина Ҳалимова ин фарзияро рад кардаанд. Онҳо изҳор доштаанд, ки сабаби фоҷеа бемории рӯҳии Мадина буд.

Ҳоло тафтиши ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *