Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Панҷакент роҳи оҳан месозанд
Дар ҷаласа масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент – Булунғур» ба миён гузошта шуд,
Вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт, дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд
Зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон — Хитой”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк — Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)-ро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷомбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод — Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид, афзудааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ