Латофат Кенҷаева соҳиби 2 000 сомонӣ ва Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода шуд (видео)

Латофат Кенҷаева шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2020 гардид.

Ҷоиза бо диплом ва 2 000 сомонӣ дар заминаи эълони озмун дар мавзӯи мушаххас ба эҷодкорон дода мешавад. Соли 2020 озмуни мазкур таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор»  — барои беҳтарин маводи журналистӣ дар бораи ашхоси таъсиргузор ва хизматкардаи кишвар эълон гардида буд. Дар ин озмун зиёда аз 100 нафар ширкат варзиданд ва намунаи беҳтарин маводашон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи pressa.tj  ба нашр расид. Нигоштаи Латофат Кенҷаева “Шарораи хотираҳо. Ёде аз Муқаддас Набиева дар остонаи 70-солагияш”  сазовори ҷоиза гардид.

Ғолиби Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2020 Латофат Кенҷаева чунин гуфт: “Ба ростӣ, дар ҳаяҷонам. Имрӯз нахустин бор ҷоизае гирифтам, ки ҷоизаи қадри сухан аст. Барои ман шараф аст, ки сазовори Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба номи Муродуллоҳ  Шерализода шудам. Ин ҷоиза барои ман ҳаммаънои қадри сухан аст, зеро бар ивази заҳамоти зиёда аз 40 — солаам дар журналистика ва адабиёт ин нахустин ҷоизаест, ки ба даст овардам”.

Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода соли 2016 дар ҷашни 70 — солагии аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ва аввалин сардабири рӯзномаи Парлумони Тоҷикистон – «Садои мардум» таъсис ёфта, нахустин маротиба соли 2017 ба журналист Муҳиддин Идизода дода шуд. Соли 2018 нависанда ва драматург, собиқ сардабири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») Ато Ҳамдам сазовори ин ҷоиза шуд. Ва соли 2019 шоири тоҷик Султонмуроди Одина ин ҷоизаро ба даст овард.

“Тоҷикистон” гузаронидани озмунҳоро барои дарёфти Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода идома медиҳад ва мавзӯи сабқати эҷодкоронро дар соли 2021 ба наздикӣ эълон хоҳад кард.

Латофат Кенҷаева 8 июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 1-уми ноҳия соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло тамом кардааст.  Номбурда дар шуъбаи адабӣ-драмавии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор кардааст. Филиали дар Тошканд будаи Институти радио ва телевизиони умумииттифоқиро соли 1972  хатм намудааст. Аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») кор карда, соли 1996 Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи «Истиқбол» таъсис дод, ки он соли 2008 номи ТҶБ (Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ)-ро гирифт ва раиси он мебошад.

Латофат Кенҷаева муаллифи чандин китобҳо ба шумор меравад, ки дар зер намунааошонро меорем: «Лолаарӯсак» (1980),»Таронаҳо» (1982), «Марҷони ранга» (1986), «Шарораи хотираҳо» (1990), «Сандуқчаи марворид» (1997), «Рози шабнам» (2000), «Мусича ва Дурдона» (2003), «Оҳи гусаста» (2003), «Нома ба бародар» (2005), «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш» (2005), «Наҷотбахши дунё кист?» (2005), «Қофиябозӣ 1-2» (2006), «Шеърҳо» (2009), «Хилвати гесӯ» (2009), «Фариштае ба нури орзу» (2009), «Афсонаи Тилонур» (2010), «Гаҳвораҷунбон» (2010), «Саргузашти чӯҷаи доно» (2012), «Қофиябозӣ — 10» (2013), «Мӯрчаяки баднафс» (2013), «Зиёфат» (2013), «Афсонаи 10» (2013), «Бозии рустшавакон» (2013) «Шукрон, куҷоӣ?» (2014), «Очабузи Шоҳона» (2014), «Садбарги ҳаё» (2014)ва дигар фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навҷавонон ва ҳам барои насли калонсол офарида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *