14 сол дар пуштораи бибӣ

Дар музофоти хитоии Сычуань духтараки 14-сола, Фан Мэй Цю умр ба сар мебарад, ки мустақилона роҳ гашта наметавонад, вале ягон рӯз ба дарсҳо дер накардааст. Модаркалони 66-солааш духтаракро  пуштора карда ба мактаб мебарад. Фан Мэй Цю сағира аст ва ягона мӯнису ғамхораш ҳамин пиразан мебошад.

Ҳангоми мактабравӣ духтарак барои осон кардани кори бибияш вазнашро ба чӯбҳои бамбук мепартояд. Бо вуҷуди маъюбӣ духтарча саводи хуб доштааст. Вақте ҳукуматдорони маҳаллӣ аз азоби бибиву набера огаҳ шуданд, барои онҳо аз наздикии мактаб манзил ҷудо намуда барои духтарча аробаи маъюбӣ доданд. Акнун вай мустақилона ба дабистон меравад. Ташхиси табибон нишон дод, ки бемории духтар табобатшаванда аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *