5 кишвар ва 6 шаҳре, ки аз рӯи ҷаҳон нест мешаванд. Кадомҳоянд?

Бар асари гармшавии сар то сарӣ , ки боиси обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳр мегардад, баъзе кишварҳо ба зудӣ аз рӯи замин нест мешаванд.

Дар бораи ин Express менависад. Пеш аз хама, ба давлатхои чазиравӣ хавфи зери об «дафн шудан» таҳдид мекунад. Инҳо Кирибати, Тувалу ва Ҷазираҳои Маршалл мебошанд. Аллакай мақомоти ин кишварҳо аз ин масъала нигарон буда, барои наҷоти аҳолӣ тадбирҳо меандешанд. Дар нишасти ахири СММ дар Глазго, ҳамоҳангсози Шабакаи амалиёти иқлим дар Кирибати Пелениза Алофа гуфт, ки болоравии сатҳи баҳр ва шиддат гирифтани тӯфонҳои тропикӣ ба ҷони мардум ва кишоварзии минтақа таҳдид мекунад. «Мо дар бораи рӯйдодҳои якдафъаина гап намезанем. Мо дар бораи як падидаи табиие, ки таҳдиди комилан фурӯ бурдани хонаҳои моро дорад, сухан меронем» таъкид кард Алофа.

Экспресс қайд мекунад, ки президенти собиқи Кирибати Аноте Тонг зимни нишаст дар бораи таҳдидҳои асосии тағйирёбии иқлим сухан гуфт. Сиёсатмадор ҳамчунин аз амалкарди мақомоти Австралия дар ин самт интиқод кард. Мушкилоти болоравии ҳарорат ва обшавии пиряхҳо барои Тоҷикистон махсусан мубрам аст.

Шаҳрҳое, ки аввалин шуда нест мешаванд, инҳоянд: Амстердам, Басра (Ироқ), Орлеани нав, Венетсия, Хошимин ва Калкутта. Ин шаҳрҳо новобаста ба он, аз ҳоло ба муқобили зери об мондан чораҳои эҳтиётӣ мебинанд, зери об хоҳанд рафт

Дар давоми даҳ сол ҳаҷми умумии пиряхҳо дар ҷумҳурӣ, ки бештар аз 60 фоизи захирахои обии Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, қариб сеяк кам шуд. Дар ин бора дар Глазго президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *