178 нафар аз Дубай ба Тоҷикистон баргаштанд
Имрӯз, 8 март 178 нафар тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе баргаштанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳузур доранд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин парвоз бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Фурудгоҳи Мактуми Дубай анҷом шуда, тақрибан соати 16:00 дар Душанбе фуруд омадааст.
Қаблан низ 362 нафар аз шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Дубай бо парвозҳои чартерии ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «FlyDubai» ба Тоҷикистон баргардонида шуда буданд.
Гуфта мешавад, ин мусофирон пас аз даргириҳо дар Ховари Миёна ва ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрону посухи Теҳрон дар Иморот дармонда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ