Ҳабси маъмурии 25 гӯштфурӯш дар Душанбе барои беасос боло бурдани нарх
Бо мақсади танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси санҷишӣ гузаронида шуд.
Зимни санҷиш дар нуқтаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулови ноҳияи Сино муайян гардид, ки баъзе соҳибкорон дидаву дониста нархи гӯштро беасос баланд намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 25 нафар соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суд нисбати ҳар яки онҳо ҷазо дар намуди 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ