Эмомалӣ Раҳмон бонувони Тоҷикистонро ба Рӯзи модар табрик гуфт
Имрӯз, 7 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ бонувони кишварро ба Рӯзи модар табрик гуфт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Президент, Сарвари давлат ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва “дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон барору комёбӣ орзу намуд”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард:
«Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад. Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад».
Сарвари давлат дар паём таъкид намуд, ки эҳтиром ба зан – модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон намуд. Зеро таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои духтарон, яъне боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ҳоло дар кишвар квотаи президентӣ амал мекунад, ки бо истифода аз он ҳазорон нафар духтарони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдасти мамлакат имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро пайдо намудаанд.
Ин иқдом ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат минбаъд низ идома дода мешавад, зеро ҳар як духтари таҳсилдида маънои як оилаи босавод, як насли маърифатнок ва як ҷомеаи пешрафтаро дорад.
Бузургон гуфтаанд, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст. Вале донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад. Зеро зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ