Рӯзноманигорӣ ба дилашон зад, депутат мешаванд

Беш аз 20 рӯзноманигор барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба ҳайси номзад ба мақоми вакилии порлумон ҳуҷҷат супоридаанд.

Қисми аз онҳо шомили рӯйхати ҳизбӣ шудаву қисми дигар ба ҳайси номзади мустақил мехоҳанд, дар интихобот ширкат кунанд. Миёни рӯзноманигорони номзад ба мақоми вакилӣ таҳқиқгарони маъруф ҳам ҳастан, муаллифони мақолаву гузоришҳои пуровоза ҳам.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, вуруди рӯзноманигорон ба порлумон дар ҳифзи озодии баён дар Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон 28 ноябр дар назар дошта шудааст.

Маъракаи интихоботӣ дар он кишвар 29 октябр шуруъ шуд. Барои 90 курсии порлумон 21 ҳизби сиёсӣ ва 321 номзади худпешбар мубориза мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *